Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

TV Sayohi

856 articles published

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Жасмина Ятимзода ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд. Иттилоъ…

Read More

Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад

Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем. Чунин иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам…

Read More

Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд

Бино ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» 578 нафар довталабон иштирок хоҳанд кард, ки 260 нафарашон аз 12 то 17-сола ва 318 нафар аз 18 то 35- сола мебошанд. Даври дуюми озмун аз 22 то 30 июн доир гардида, дар он 2677  довталаб иштирок…

Read More

Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид

12 август дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.…

Read More

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 11 августи соли 2026 №545 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Вализода И.С. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар муассиса 200 кӯдак ба…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд

11 август пас аз ифтитоҳи Гулгашти Дуои модар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нав дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти сохторҳои…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ…

Read More

Рӯзи варзишгарон: Сайёҳии варзишӣ — самти нави рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Ҳамасола 10-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ин сана арҷгузорӣ ба заҳмати варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа буда, ҳамзамон аҳамияти варзишро дар тарбияи насли солим ва рушди сайёҳии варзишӣ бозгӯ мекунад. Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланд, кӯлҳои зебо ва табиати нотакрор барои рушди сайёҳии варзишӣ имкониятҳои васеъ дорад. Кӯҳнавардӣ, кӯҳгардӣ, сайёҳии пиёдагардӣ, велосипедронӣ, рафтинг…

Read More