Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва пайвасти кӯчаи Саъдии Шерозӣ бунёд хоҳад шуд.
Боғ аз майдони пазироии меҳмонон ва сокинон оғоз мегардад. Дарвозаи даромадгоҳи боғ аз самти ҷануб бо баландиву ҳашамати хос, дар услуби меъмории миллӣ, бо сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу нигори аҷдодӣ ва ҳайкалҳои бузургҷусса оро дода мешавад. Ин унсурҳои меъморӣ аз қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома» илҳом гирифта, рамзи ҳифзи суботу оромии Ватанро ифода менамоянд.
Баландии дарвозаи боғ 8 метр ва дарозии паҳлуии он 14 метрро ташкил медиҳад.
Роҳрави асосии боғ бо паҳноии 8 метр ва дарозии 75 метр бо нақшу нигори миллӣ аз сангҳои ороишии ватанӣ ороста шуда, аз даромадгоҳи боғ то майдони марказӣ тӯл мекашад.
Дар қисми болоии майдони мазкур муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо баландии 5,5 метр қомат хоҳад афрохт. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр ва паҳноии он 3,4 метрро ташкил дода, бо сутунҳои зебои ориёӣ ва навиштаҷоти номи Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ду забон оро дода мешавад.
Дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо, нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва суҳбатороҳои бузурги мармарин барои баргузории қироати асари безаволи «Шоҳнома», яъне шоҳномахонӣ, пешбинӣ шудааст.
Боғи фарҳангию фароғатии Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додан, ба як макони дилрабо барои фароғати меҳмонон ва сокинони шаҳру деҳот, инчунин барои ҳаводорон ва дӯстдорони ашъори шоир, ҷиҳати қироати достони безаволи «Шоҳнома», дар шаҳри бостонии Панҷакент табдил хоҳад ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши шаҳраки бостонии Саразм дар таърихи миллат, инчунин дар тарбияи худшиносӣ ва ватандӯстии насли ҷавон баҳои баланд додаанд.
Ҳамасола меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба шаҳри Панҷакент ташриф меоранд, аз ин ёдгории беназир боздид менамоянд. Бо мақсади пазироии шоистаи онҳо, айни замон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар даромадгоҳи шарқии шаҳр майдони пазироӣ ва дарвозаи рамзӣ бо тарҳи зебо, ки бозгӯи таърихи куҳани ин диёри бостонӣ мебошад, бунёд карда мешавад.
Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва дарвозаи рамзӣ бунёд мегардад