ВМКБ бо силсилакӯҳои боҳашамат ва водиҳои доманфарох машҳур буда, макони беҳтарин чашмаҳои гарм ва шифобахш мебошад. Ин чашмаҳои бойи менералӣ аз қадим аз ҳисоби хусуситяҳои шифобахшиашон макони истироҳату фароғат ба ҳисоб мерафтанд ва якҷо бо табиати нотакрори атрофашон ба кас солимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мебахшиданд.
Имрӯз дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 72 чашмаи дорои обҳои шифобхш ва гарм мавҷуданд, ки дар назди чашмаҳои шифобахши «Гармчашма», «Авҷ» ва «Биби Фотимаи Заҳро» ҳамчун истироҳатгоҳҳо фаъолият менамоянд ва дар асоси маълумотҳои Раёсати тандурустӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2025 зиёда аз 200 нафар сайёҳони хориҷӣ барои табобат ба ин истироҳатгоҳҳо омада, аз хусисияти шифобахшӣ ва хизматрасонӣ дар онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гармии оби «Гармчашма» 65 ва аз чашмаи «Биби Фотимаи Заҳро» 43 дараҷа мебошад ва оби ин чашмаҳо ба зиёда аз 30 номгўи касалиҳо, аз ҷумла илтиҳоби меъда, узвҳои такя, касалиҳои рудаву медаву ҷигар даво мебахшанд. Хусусияти фарқкунандаи оби чашмаи «Авҷ» дар он аст, ки биноии чашмонро зиёд менамояд.

