Skip to content Skip to footer

баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба роҳгардии сайёҳӣ


Дар доираи баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ аз рӯйи намудҳои вело-масофа ва роҳгардии сайёҳӣ, имрӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт маросими расмии оғози рақобатҳо аз рӯйи намуди роҳгардии сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ варзишгарон, мутахассисон ва намояндагони сохторҳои соҳавӣ иштироки фаъолона намуданд. Маросими ифтитоҳ бо сухани муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб оғоз ёфта, зимни баромади худ ӯ аҳамияти рушди варзиши сайёҳиро ҳамчун самти муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон, котиби Федератсияи байналмилалии варзиши сайёҳӣ Юрий Калаев баргузории чунин мусобиқаҳоро омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт арзёбӣ кард. Баъд аз анҷоми суханрониҳо мусобиқа расман кушода эълон гардида, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои тантанавии чорабинӣ боз ҳам шукӯҳмандтар гардид.

Мувофиқи барномаи мусобиқа, нахуст варзишгарони гурӯҳи писарон ва сипас варзишгардухтарон ба хатсайри муайяншудаи роҳгардии сайёҳӣ баромада, натиҷаҳои хуб нишон доданд. Тибқи иттилои масъулон, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ муайян гардида, бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шарикони соҳавӣ баргузор гардида, ба рушди варзиши сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.