Бемории сил яке аз бемориҳои сироятии хатарнок ба ҳисоб рафта, бештар шуши инсонро осеб мерасонад. Ин беморӣ тавассути қатраҳои ҳавоӣ аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад. Аз ин рӯ, пешгирии он яке аз масъалаҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади пешгирии бемории сил, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Ҳар як шахс бояд донад, ки ин беморӣ чӣ гуна паҳн мешавад ва чӣ тавр метавонад худро аз он муҳофизат намояд.
Риояи қоидаҳои оддии беҳдошт, аз ҷумла шустани дастҳо, истифодаи рӯймол ҳангоми сулфа ва инчунин пӯшидани ниқоб дар ҳолатҳои зарурӣ, метавонад хатари сироятёбиро коҳиш диҳад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сил эмгузаронӣ ба ҳисоб меравад.
Ғизои солим ва тарзи ҳаёти фаъол низ дар пешгирии ин беморӣ нақши муҳим доранд. Истеъмоли ғизои серғизо, меваю сабзавоти тару тоза, машғул шудан ба варзиш ва истироҳати кофӣ ба мустаҳкам гардидани масунияти бадан мусоидат мекунад. Зеро масунияти қавӣ метавонад ба организм дар мубориза бар зидди микробҳои беморӣ кӯмак расонад.
Муайян намудани беморӣ дар марҳилаи барвақт низ хеле муҳим мебошад. Агар шахс нишонаҳое ба мисли сулфаи тӯлонӣ (зиёда аз ду ҳафта), табларза, арақкунии шабона ва камшавии вазнро мушоҳида намояд, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кунад.
Гузаронидани ташхисҳои саривақтӣ имкон медиҳад, ки беморӣ барвақт ошкор ва табобат карда шавад. Қобили зикр аст, ки шахсони гирифтори бемории сил бояд табобатро пурра ва таҳти назорати духтур анҷом диҳанд. Қатъ намудани табобат дар миёнаи роҳ метавонад боиси вазнин шудани вазъи саломатӣ ва паҳншавии беморӣ гардад.
Дар баробари ин, дастгирии иҷтимоӣ ва равонии беморон низ аҳамияти калон дорад.
Бояд гуфт, ки пешгирии бемории сил масъулияти ҳар як узви ҷомеа мебошад.

