Skip to content Skip to footer

РАФТУОМАДИ САЙЁҲОН БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ МИСР АФЗОИШ МЕЁБАД

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср Шариф Фатҳӣ Атийя мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такия ба Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар дод.

         Тавре иттилоъ дода шудааст, ҷонибҳо бо ишора ба рушди робитаҳо дар солҳои охир ва афзоиши рафтуомад байни Тоҷикистону Миср, ҳарчӣ зудтар омода ва имзо намудани Созишномаи байниҳукуматӣ  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро, ки дар баррасии Миср аст, муҳим шумориданд.

Дар мулоқот лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни осорхонаҳои ду давлат, ки он ҳам дар баррасии ҷониби мисрӣ қарор дорад, муҳокима карда шуд.