Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ пазироӣ гардидааст.
Ин иқдоми муҳим барои густариши корҳои созандагӣ, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам оварда, сокинонро ба фаъолияти боз ҳам назаррастар ҳидоят менамояд.
Дар ҳамин замина, ҳамчунин дар вилояти Хатлон «300 рӯзи созандагӣ, бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» эълон гардида, дар доираи он корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо маром идома доранд.
Тибқи иллоъ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъмиру азнавсозӣ ва бунёди зиёда аз 340 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шудааст.
Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иштироки фаъолонаи сокинону соҳибкорон қисми зиёди иншооти банақшагирифташуда аллакай мавриди истифода қарор гирифта, ба беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи давлат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ ва сабзкориро боз ҳам тақвият бахшида, барои рушди устувори ноҳия ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ саъю талош менамоянд.

