Skip to content Skip to footer

Хатлон: баргузории даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг»

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — Бохтар — даври фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни театр ба маърази тамошо гузошта шуда буд, боздид намуда, бо намунаҳои нодири чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои миллӣ шинос шуданд.

Бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон ва муаррифии фарҳангу ҳунари халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва конфронсҳо баргузор мегарданд. Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳои муҳими фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ба гиромидошти арзишҳои миллӣ равона шудааст.

Чорабинӣ бо ҳузури муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, меҳмонон ва иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, шукӯҳи хос касб намуд.

Тарроҳон ва бонувону ҷавондухтарони хушзавқ маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, ҳунари волои зани тоҷикро муаррифӣ карданд. Дар намоишгоҳ намунаҳои гуногуни санъати бостонии тоҷикон, аз ҷумла либосу лавозимоти рӯзгор — курта, сузанӣ, болишт ва тоқӣ, ки бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудаанд, пешкаши меҳмонон гардиданд.

Зимни боздид намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъкид намуд, ки чунин фестивалҳо барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии либосҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии тоҷикон аҳамияти муҳим доранд.

Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ба намоиши гуногунрангии матоъҳои миллӣ, аз ҷумла адрасу атлас бахшида шуда, ҳунармандон маҳсули дастони худро пешкаши тамошобинон гардониданд. Иштирокчиён бо пешниҳоди либосҳои замонавӣ дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва намунаҳои нодири ҳунарҳои дастӣ маҳорати баланди худро нишон доданд.

Ҳайати доварон ба сифати иҷро, тарҳи либосҳо, истифодаи унсурҳои миллӣ ва навоварӣ баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар шаҳри Бохтар на танҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад, балки ба таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии рангин манзури ҳозирин гардонида шуд.