1 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз хонум Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб ва баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои мудирони Бунёд дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бунёди иқлими сабз, ки имрӯз дар…
30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис аз хизматҳои шоёни таҳсини Алишер Мирзонабот, раиси марҳуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷасадаш субҳи 30 июн аз дарёи Панҷ дарёфт шуд, ёдовар шуда, ба поси…
28.06.2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимаи қавмҳои ориёӣ – Тиргонро, ки бо обу борон, хуррамиву баракат ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо пайванди ногусастанӣ дорад, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям.
Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллиамон – Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз фарҳангу тамаддуни бостонии ниёгони мо дарак медиҳад.
Ин ҷашнҳо…
Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда…
26.06.2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.
Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ мардуми сулҳпарвари кишварро самимона табрик…
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд шуда, барои…
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.
Зимни муаррифи лоиҳаи сохтмони корхона иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи…
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.
Мавриди зикри хос аст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам…
Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд.
Бо истифода аз имконияти…
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони иншоот аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда дар масоҳати беш аз 1 гектар аз…
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса…
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи…

