Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Омодагиҳо ба баргузории мусобиқаи байналмилалии Dushanbe — Grand Slam

Дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии сол — мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2026 аз рӯи намуди ҷудо бо суръати баланд идома доранд. Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ, ки макони асосии баргузории рақобатҳо интихоб шудааст, аллакай барои қабули варзишгарон ва меҳмонон омода гардида истодааст. Дар ин иншооти варзишӣ корҳои…

Read More

 Асъори миллӣ — бозгӯи таърих, фарҳанг ва истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон

Пули миллӣ дар радифи Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Асъори миллии Тоҷикистон — «Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, имрӯз ҳамчун нишонаи истиқлолияти иқтисодӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Хушбахтона, моҳи октябри соли 2000 бо амри Асосгузори сулҳу…

Read More

 Шаҳри БӮстон — дарвозаи ҳавоии вилояти Суғд ва маркази рушдёбандаи сайёҳӣ

Шаҳри Бӯстон имрӯз аз ҷумлаи шаҳрҳои ободу пешрафтаи кишвар ба шумор рафта, бо назардошти ҷойгир будани Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар ҳудуди он, ҳамчун яке аз дарвозаҳои асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба вилояти Суғд нақши муҳим дорад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти стратегии шаҳр, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бустон ба самтҳои ободониву бунёдкорӣ, сабзгардониву тозагӣ таваҷҷуҳи махсус…

Read More

Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба «Об барои рушди устувор»

 Аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад. Ин ҳамоиши муҳим идомаи «Раванди оби Душанбе» буда, ҳамчун платформаи муассир барои таҳкими шарикии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об хизмат хоҳад кард. Мушкилоти глобалӣ,…

Read More

САЙЁҲӢ ВА РОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд, роҳҳои байналмилалӣ ҳамчун пуле миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар нақши калидӣ мебозанд. Маҳз ҳамин роҳҳо имкон медиҳанд, ки сайёҳони хориҷӣ ба осонӣ вориди кишвар шуда, бо табиати нотакрор, мероси ғании таърихӣ ва фарҳанги меҳмоннавози мардуми тоҷик аз…

Read More

Дар ноҳияи Рӯшон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

  Дар ноҳияи Рӯшон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо иштироки васеи наврасону ҷавонони соҳибистеъдод баргузор гардида, ҷамъбаст шуд. Дар маросими ҷамъбасти даври ноҳиявӣ таъкид гардид, ки ин озмуни фарҳангиву маърифатӣ, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба яке аз муҳимтарин майдонҳои дарёфти чеҳраҳои нави санъат табдил ёфтааст, имсол низ дар фазои рақобати солим…

Read More

ВОСЕЪ  ДАР МАСИРИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

  Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ корҳои бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ бо маром идома доранд. Соҳибкорону сокинони ватандӯсти деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо саҳмгузории дастҷамъона дар татбиқи ташаббусҳои созанда фаъолона иштирок намуда, баҳри беҳтарсозии шароити зиндагии мардум…

Read More

Осорхонаи Рӯдакӣ — оинаи таъриху фарҳанги тоҷикон дар Панҷакент

Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент яке аз марказҳои муҳими фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Ин муассиса соли 1958 ба ифтихори 1100-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъсис ёфтааст. Айни замон дар фонди осорхона наздики 70 ҳазор нигора нигоҳдорӣ мешавад, ки қисми зиёди онҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Экспонатҳо…

Read More

Дар Данғара Мусобиқаи байналмилалии парапланерӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид

Дар фазои бошукӯҳ ва тантанавӣ дар ноҳияи Данғара маросими расмии ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии варзиши парапланерӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ барои рушди варзиши ҳавоӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим аҳамияти хоса дорад. Мусобиқа дар манотиқи кӯҳии…

Read More

Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза шуд. Зимни чорабинӣ ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд

25 апрел дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуда, барои ислоҳи…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Нуралӣ Миралии ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд. Зимни муаррифии лоиҳаи нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маркази ноҳия ба таври муосир ва бо сифати…

Read More