Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи меҳмонхонаи Эҳсон дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсонро ба истифода доданд. Бинои Меҳмонхонаи Эҳсон дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Даврон Мирзозода сохта шуда, дорои 18 ҳуҷраи хоб барои қабули меҳмонон, тӯйхона ва тарабхона…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбукро мавриди истифода қарор доданд.Беморхонаи хусусӣ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳбудии сифати хизматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода сохта шудааст. Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди муассисаи нави тиббӣ аз ҷониби Пешвои…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд.Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад. Ин…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг…

Read More

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа, фармон медиҳам: 1. Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад. 2. Ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Read More

ДУШАНБЕ: баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026

Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, барои муколама ва ҳамкорӣ миёни намояндагони давлат, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва мутахассисони соҳаи технология замина фароҳам меорад. Дар Форум беш аз ҳазор нафар, аз ҷумла вазирон, аъзои ҳайатҳои расмӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои пешбари технологӣ…

Read More

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод намудани Ғафурзода Ф.А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ғафурзода Фарзона Амирҷон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон…

Read More

Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид

28 сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ оғоз гардид, ки то 30 сентябр идома меёбад. Тавре сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири рушди…

Read More