Skip to content Skip to footer

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Роҳбари давлат ба ин ё он гӯшаи кишвар барои фароҳам гардидани инфрасохтор, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Leave a comment