4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи меҳмонхонаи Эҳсон дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ, корхонаи истеҳсоли хишти Бадахшон-Тур, корхонаи истеҳсоли хишти Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ ва 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Бобошоҳиён ҷойгир буда, дар он 960 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муассисаи нави таълимӣ дорои 16 синфхона, аз ҷумла 6 кабинети фаннӣ, ошхона бо 50 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Иншоот бо маблағгузории Раёсати сохтмони вилояти Хатлон сохта шуда, дар он 41 омӯзгор ва 13 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 воқеъ дар деҳоти Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мавҷуд мебошад. Муассисаи наву замонавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва Кумитаи падару модарон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сохта шудааст. Бо ба истифода додани иншооти нави соҳа 25 омӯзгори соҳибтахассус ва 15 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 дар деҳаи Навдеҳ барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо саҳми сокинону соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар 9 синфхонаи наву барҳаво хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуд.
