Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим — Рӯзи забони…

Read More

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

5.10.2026, шаҳри Кӯлоб Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мо дар шаҳри бостонии Кӯлоб – сарзамини ҷавонмардиву ҷасорат, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ тантанаҳои ниҳоии ҷашни бузурги давлатдории навини тоҷикон – 35-солагии истиқлоли давлатиро баргузор мекунем. Ба ин муносибат хурду бузурги мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлобро самимона табрик мегӯям. Имрӯз, ҳамчунин, мардуми шарифи Тоҷикистон боз як санаи…

Read More

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид

 Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид. Муҳтарам Валентина Матвиенко Сарвари давлати моро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд. Дар рафти суҳбат оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, бо шумули масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Дар оғози суҳбат Президенти Русия Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд. Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Сарони давлатҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Дар оғози суҳбат Президенти Узбекистон Сарвари давлати моро нахустин шуда занг заданд, ба муносибати Зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комилу дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд. Дар идомаи суҳбат Сарони…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои бунёди он санги асос гузоштанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ Текстил Тоҷикистон ва ҶДММ Пахтаи Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад.…

Read More

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд. «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Лутфан самимитарин табрикоти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред. Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд

Зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингарди дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохториро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахуст  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фарм Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти он ба  коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводи тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ равона буда, аз ҷониби соҳибкори…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 сокини маҳаллӣ…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд

5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ Тоҷик-Алмос мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев бунёд гардида, барои рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолии минтақа ва…

Read More