Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Душанбе: оғози Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ

 Имрӯз дар «Кохи Сомон» бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маросими расмии ифтитоҳи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он инчунин ҳайатҳо ва намояндагони 54 давлати аъзои ФАО, роҳбарони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, намояндаагони корпуси дипломатӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Read More

ОҒОЗИ Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Бохтар  

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо самимият ва эҳтироми хоса истиқбол гирифтанд. Дар кори симпозиум намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон, коршиносони ватаниву хориҷӣ…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд

9 май дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигор атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай, робитаҳои…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварданд. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ…

Read More

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба

Ҳамватанони азиз! Ҳаштоду як сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ақибгоҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Рӯзи…

Read More

ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ 2-ЮМИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, таърихи қадима ва мероси ғании фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои фарох дорад. Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали 2-юми рушди сайёҳии дохилӣ баргузор гардид. Дар доираи ин фестивал хатсайрҳои…

Read More

Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» — заминаи рушди мутахассисони ҷавон

Дар шаҳри Душанбе даври дуюми фестивали ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, омӯзгорон, устоҳои касбӣ ва ҷавонону наврасон баргузор гардид. Зимни баргузории фестивал таъкид карда шуд, ки рушди таҳсилоти касбӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба…

Read More

Тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанг — меҳвари сиёсати созандаи давлат

Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар кишвар барои рушди соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам гардида, инфрасохтори соҳаҳо таҷдиду бозсозӣ мешавад. Ҳамзамон, анъанаҳои миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ва ҳаёти фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат дубора эҳё гардида истодаанд. Соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии…

Read More

Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» — таҷассуми зебоии фарҳанги миллӣ

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардид. Фестивал-озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат ва намояндагони як қатор вазорату…

Read More

Касбомӯзӣ — заминаи рушди иқтисод ва шуғли устувор

Фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиш ва азбаркунии касбу ҳунар яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиёти муосир ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт муассисаҳои таълимии касбию техникӣ ва марказҳои омӯзишии назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир доранд. Имрӯз дар бозори меҳнат бештар…

Read More