ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ғуломзода З.Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ғуломзода Зиёратшо Ғуломалӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон…
17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба…
14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои иншооти нав бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба муносибати ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлия табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ…
14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои…
24–26 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) ва Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор мегарданд. Дар ин хусус аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин чорабиниҳо…
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, аз…
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи металлургияи сиёҳ дар минтақа ва ҷаҳон, имрӯзу ояндаи ин соҳа дар Тоҷикистон, нақшаҳои бунёдкории Комбинати металлургии…
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар…
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.
Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад:
Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар…
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Самти фаъолияти ҷамъият асосан ба истеҳсоли мошинҳои хурди барқии боркашонӣ, дучарха ва истеҳсоли 18 намуд бозичаи кӯдакона равона гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ…
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.
Сипас, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории се ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини…
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

