21.07.2026, Муғулистон
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехоҳам ба Президенти муҳтарам, ҷаноби УХНААГИЙН ХУРЭЛСУХ, Ҳукумат ва мардуми Муғулистон барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозӣ бори дигар сипоси хешро иброз намоям.Мо ба рушду таҳкими пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Муғулистони дӯст дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб аҳаммияти хос медиҳем.Мулоқоту…
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.Дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон…
21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи…
21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо…
20 июл дар шаҳри Улан-Батор дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар як мавзеи зебо ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ниҳоли дӯстӣ шинониданд.
Дар солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар ин миён вилояти Хатлон бо захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ мақоми махсусро ишғол мекунад. Аз ёдгориҳои қадимаи давраи Кӯшониён то мамнуъгоҳҳои табиӣ, аз зиёратгоҳҳои машҳур то мавзеъҳои истироҳатӣ, ҳамаи ин имкониятҳо Хатлонро ба як минтақаи ҷолиб…
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд.
Майдони пазироии фурудгоҳи байналмилалӣ бо Парчамҳои давлатии Тоҷикистону Муғулистон идона оро ёфта буд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батсэтсэг Батмунхийн ва дигар намояндагони воломақом ва…
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди давлатӣ ба Муғулистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти…
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 июли соли 2026 №АП-1075
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР
аз 17 июли соли 2026 №466 ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» озод намудани Иброҳимзода И.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» озод карда шавад.…
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ғуломзода З.Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ғуломзода Зиёратшо Ғуломалӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон…
17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба…

