22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргашт аз сафари давлатӣ ба Муғулистон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҳисоботи Раиси вилоят доир ба рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вилояти…
22 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон, ки аз 20 то 22 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ…
21 июл дар доираи сафари давлатӣ ба Муғулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор аз Осорхонаи миллии таърихии ин кишвар боздид намуданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи миллӣ 11 октябри соли 2022 дар маркази шаҳри Улан-Батор ифтитоҳ гардид.Дар осорхона китобхонаи илмӣ бо 6000 ҷилд…
21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, — изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Ҷонибҳо ба…
21.07.2026, Муғулистон
Бо даъвати Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 20-22 июли соли 2026 бо сафари давлатӣ аз Муғулистон боздид ба амал овард.Музокироти расмии сарони ду давлат (минбаъд — Тарафҳо) дар фазои дӯстона, самимӣ ва эътимоди мутақобил баргузор гардиданд.
Тарафҳо қайд намуданд, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн…
21.07.2026, Муғулистон
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехоҳам ба Президенти муҳтарам, ҷаноби УХНААГИЙН ХУРЭЛСУХ, Ҳукумат ва мардуми Муғулистон барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозӣ бори дигар сипоси хешро иброз намоям.Мо ба рушду таҳкими пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Муғулистони дӯст дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб аҳаммияти хос медиҳем.Мулоқоту…
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.Дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон…
21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи…
21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо…
20 июл дар шаҳри Улан-Батор дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар як мавзеи зебо ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ниҳоли дӯстӣ шинониданд.
Дар солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар ин миён вилояти Хатлон бо захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ мақоми махсусро ишғол мекунад. Аз ёдгориҳои қадимаи давраи Кӯшониён то мамнуъгоҳҳои табиӣ, аз зиёратгоҳҳои машҳур то мавзеъҳои истироҳатӣ, ҳамаи ин имкониятҳо Хатлонро ба як минтақаи ҷолиб…
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд.
Майдони пазироии фурудгоҳи байналмилалӣ бо Парчамҳои давлатии Тоҷикистону Муғулистон идона оро ёфта буд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батсэтсэг Батмунхийн ва дигар намояндагони воломақом ва…
