8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистон барои даъват ва истиқболи гарм, арзи сипос намуда, рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд.Сарони ҳарду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд.
Гуфтугӯи созанда оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сухт сурат гирифт.
Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангию башарӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.Мубодилаи афкор, инчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
