Тибқи анъанаи муқарраршуда, дар рӯзи охирини чорабинӣ барои иштирокчиён – меҳмони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сайругашт дар шаҳри Душанбе, дараҳои Ромиту Сиёма, Пойгоҳи варзишии лижаронии «Сафеддара», Қалъаи Ҳисор ташкил гардида, инчунин онҳо бо фаъолияти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» шинос мегарданд.
Тавре ба…
Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия ва дар ҳамкорӣ бо дигар ҳайатҳо Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда шуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ифтитоҳи чорабинӣ доир ба қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ва аҳамияти ҷаҳонии Қатъномаи 78/281, ки соли 2024 бо ибтикори…
Тавре иттилоъ додем, 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба хизматҳои фарзандони диловари Ватан
Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ бозгӯи…
Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чанд самти калидӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, мудирияти устувори захираҳои об, таъмин намудани дастрасии бехатар ба об ва санитария, таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба амнияти об, энергетика, кишоварзӣ ва хатарҳои селу ярч, аз ҷумла…
Дар шаҳри Абузабӣ бо ташаббуси муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.
Тавре ба аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи…
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр зери унвони «Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: Тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори ҳайатҳои Тоҷикистон…
19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани…
Агротуризм яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба сайёҳон имкон медиҳад, ки на танҳо аз табиат ва манзараҳои дилфиреби маҳалҳо баҳра баранд, балки бо зиндагии деҳот, соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва анъанаҳои миллӣ аз наздик шинос шаванд. Имрӯз бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон агротуризмро ҳамчун воситаи муассири рушди иқтисоди деҳот, таъсиси…
Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат таҳти унвони «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид.
Ҳамоиш дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва рушди…
Тоҷикистон бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои дилфиреби кӯҳистонаш аз ҷумлаи кишварҳои ҷолиби сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар миёни ин ҳама зебоиҳои табиӣ, кӯли Аловиддин дар ноҳияи Айнӣ ҳамчун яке аз мавзеъҳои мафтункунандаи қаторкӯҳҳои Фон таваҷҷуҳи дӯстдорони табиат ва саёҳатро ба худ ҷалб менамояд.
Ин гӯшаи афсонавии кӯҳистон бо обҳои мусаффо, ҳавои соф…
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонони фаъол ва дӯстдорони варзиш баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар…
Таҳкими оила ва ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро оилаи солим омили асосии суботи ҷомеа, пешрафти давлат ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ таваҷҷуҳи…

