Skip to content Skip to footer

Дар Бохтар масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои электронии давлатӣ баррасӣ шуданд

Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат таҳти унвони «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид.

Ҳамоиш дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ роҳандозӣ гардид.

Дар кори семинар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, роҳбарону масъулини ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани шаффофият, суръатбахшии хизматрасониҳо, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша то соли 2030 ҳамаи 927 хизматрасонии давлатӣ, ки аз ҷониби 106 мақомоти давлатӣ пешниҳод мешаванд, пурра ба шакли электронӣ гузаронида хоҳанд шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бойгонии давлатии электронӣ қабул гардида, барои татбиқи амалии он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Қайд карда шуд, ки хизматрасониҳои электронии давлатӣ барои сарфаи вақт, коҳиши ҳуҷҷатгузории зиёдатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба хизматрасониҳо мусоидат менамоянд. Ин раванд инчунин имконият фароҳам меорад, ки муроҷиату дархостҳо бо суръати бештар ва сифати беҳтар баррасӣ гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардад.

Дар идомаи семинар иштирокчиён вобаста ба истифодаи портали ягонаи хизматрасониҳои электронии давлатӣ, тартиби фаъолият ва имкониятҳои техникии он ба масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ, тақвияти ҳамкории сохторҳо дар самти иқтисоди рақамӣ ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ дар самти иқтисоди рақамӣ метавонад ба рушди устувори иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат намояд.