Тибқи анъанаи муқарраршуда, дар рӯзи охирини чорабинӣ барои иштирокчиён – меҳмони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сайругашт дар шаҳри Душанбе, дараҳои Ромиту Сиёма, Пойгоҳи варзишии лижаронии «Сафеддара», Қалъаи Ҳисор ташкил гардида, инчунин онҳо бо фаъолияти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» шинос мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз котиботи конфронси мазкур иброз доштанд, конфронсҳои Раванди оби Душанбе на танҳо ба баррасии масъалаҳои мубрами захираҳои об, балки ба шинос кардани иштирокчиён бо мероси фарҳангӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ равона карда шудаанд. Дар доираи баргузории ин чорабиниҳо иштирокдорон имкон доранд, ки гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистонро тамошо намоянд.
Котиботи Конфронси чоруми оби Душанбе аллакай ҳама маълумоти заруриро дар бораи ҳар хатсайр, инчунин аксҳо аз мавзеъҳои мазкур дар торнамои конфронс ҷойгир намудааст, то иштирокчиён дилхоҳ хатсайрро интихоб карда, барои иштирок дар он номашонро сабт кунанд. Ин чорабиниҳои фарҳангӣ-сайёҳӣ ба меҳмонон имкон медиҳанд, ки гуногунии табиат ва анъанаҳои Тоҷикистонро воқеан эҳсос карда, маконҳои зебои ҷумҳуриро тамошо кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил

