Skip to content Skip to footer

таҷлилИ Рӯзи ҷаҳонии футбол Дар қароргоҳи СММ

Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия ва дар ҳамкорӣ бо дигар ҳайатҳо Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда шуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ифтитоҳи чорабинӣ доир ба қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ва аҳамияти ҷаҳонии Қатъномаи 78/281, ки соли 2024 бо ибтикори Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия бо иттифоқи оро қабул шуда буд, сухан гуфт.

Ҷонибек Ҳикмат таъкид кард, ки ин қатънома «на танҳо ҷашни варзиш, балки забони муштаракест, ки ҳар миллат барои сулҳ, рушд ва тавонмандии занону духтарон истифода мебарад» ва футбол аз марзҳо, ҳувият ва тафриқаҳои сиёсӣ фаротар меравад.

Инчунин уҳдадории Тоҷикистон барои рушди футбол дар сатҳи миллӣ таъкид гардида, иброз шуд, ки дар кишвар, ки аҳолии асосан ҷавон дорад, ин навъи варзиш ба сармоягузории стратегӣ дар тақвияти ваҳдати иҷтимоӣ ва эҷоди имконияти нав табдил ёфтааст.

Таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мамлакат беш аз 500 майдони муосири футбол сохта шуда, дастаҳои занона ташкил гардидаанд, барномаи омӯзишии доварони ҷавон васеъ ва муассисаҳои футбол бозсозӣ шудаанд, то дастрасии баробар ба футбол барои ҳамаи кӯдакон таъмин гардад.

Тоҷикистон бори дигар уҳдадории худро барои таблиғи арзишҳое, ки дар Қатъномаи 78/281 муқаррар шудаанд ва таблиғи футбол ҳамчун неруи ваҳдат ва рушд дар саросари ҷаҳон тасдиқ намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.

Leave a comment