Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, коршиносон ва муҳаққиқон иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Ҳамоиши байналмилалӣ ба баррасии дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҷрибаи сулҳофарӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамта ва рушди устувори кишвар бахшида шуд.
Зимни конфронс таъкид гардид, ки ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи устувор аз омилҳои калидии рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, таваҷҷуҳи махсус ба таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ тавассути муколама ва дипломатия зоҳир гардид. Иштирокдорон ҳамчунин нақши сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-и Тоҷикистонро дар густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои кишвар бо шарикони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ, муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми халқи тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории конфронс натиҷагирӣ аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар дар марҳилаи минбаъда мебошад.
Баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи давлатдорӣ, равандҳои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи сиёсати хориҷӣ ва дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гиранд.
Қайд гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо фурсати таҷлили дастовардҳои кишвар, балки имкони арзёбии роҳи тайшуда, таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани самтҳои нави рушди миллӣ мебошад.
Дар фарҷоми конфронс иштирокдорон таъкид карданд, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи сулҳофарӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии созанда метавонад барои ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошта бошад.
Ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муколамаи созанда, табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ мусоидат намуд.
