Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар кишвар барои рушди соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам гардида, инфрасохтори соҳаҳо таҷдиду бозсозӣ мешавад. Ҳамзамон, анъанаҳои миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ва ҳаёти фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат дубора эҳё гардида истодаанд.
Соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти мамлакат «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин иқдом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, маншаъ гирифта, ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ равона шудааст.
Имрӯз дар саросари кишвар корҳои ободониву бунёдкорӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва муҳити атрофи муассисаву биноҳои истиқоматӣ вусъат ёфта, барои истиқболи шоистаи ҷашни миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстонаро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, барои ҳифзу муаррифии арзишҳои асили миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик тадбирҳои муассир амалӣ менамояд. Дар ин замина, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои фарҳангиву фароғатии замонавӣ намунаи равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ мебошад.
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи давлат то имрӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва ҳунарӣ баргузор гардида, арзишҳои миллӣ, расму ойинҳои қадима ва фарҳанги волои тоҷикон на танҳо ба шаҳрвандони кишвар, балки ба ҳазорон сайёҳи хориҷӣ муаррифӣ шудаанд.
Дар баробари ин, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳифзу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангӣ нақши муҳим дошта, ба маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ ва ҷашнвораҳои мардумӣ табдил ёфтааст. Ин раванд мақому манзалати Душанберо ҳамчун шаҳри фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидааст.

