Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Кӯдакон дар фазои осорхона» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, омӯзгорон ва тарбиятгирандагони Муассисаи таълимии миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки кӯдакон сарвати бебаҳои ҷомеа ва ояндаи давлату миллат буда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қайд карда шуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон, санъаткорон ва ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак» манзури иштирокчиён гардид. Сурудҳои дилнишин, саҳнаҳои театрӣ ва барномаҳои фароғатӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи кӯдаконро болида намуданд.
Ҳамчунин барои иштирокчиён маҳфилҳои эҷодии «Чеҳранигор» ва нақшу нигори даст бо истифода аз ҳино ташкил гардида, кӯдакон истеъдод ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба тарбиятгирандагони муассиса туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои онҳо сайри маърифатӣ дар толорҳои Осорхонаи миллӣ ташкил карда шуд. Кӯдакон бо табиати Тоҷикистон, набототу ҳайвоноти нодири кишвар ва арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат аз наздик шинос шуданд.

