Skip to content Skip to footer

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии Орзуро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навсохт дар деҳаи Сафедоб ягона муассисаи томактабӣ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани насли наврас бунёд шуда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст .

Бинои хуштарҳу замонавӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Рауфзодаҳо бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, дорои 9 синфхонаи барҳавои таълимӣ, хобгоҳ, толори мусиқӣ, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва ёрирасон мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо аввалин тарбиятгирандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбат карда, масъулонро ба тарбияи дурусти кудакон ва истифодаи шароити фароҳамшуда ҳидоят намуданд.

Барои тарбияи кудакон, парасторони дорои таҷрибаи баланд ва донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд ва раванди таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ сурат мегирад.

Роҳбари давлат иқдоми оилаи Рауфзодаҳоро барои бунёди кӯдакистон ва дигар иншооти хизматрасонӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари пайваст шудан  бо системаи ягонаи гармидиҳӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст.

Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино айвону нишастгоҳҳо ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст.

Соҳибкорони ноҳияи Данғара дар амали сохтани сиёсати созандаи  Пешвои муаззами миллат, мактаби садоқату боварӣ барои фардои дурахшон, таъмини зиндагии шоита барои насли имрӯзу фардо ва дар самти эҳсоси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандустиву раиятпарварӣ намураи ибрат гардиданд.

Танҳо дар доираи сафари корӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 кудак бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бо дастгирии соҳибкорон ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 5 кудакистони дигар идома дорад.

Аз соли 2024 то ин давра зиёда аз 10 муассисаи томактабӣ барои 3000 кудак сохта шудааст, ки ин намунаи олии дастгирии соҳибкорону шахсони ватандусти ноҳия аз ташаббуҳои созандаи Роҳбари давлат нисбат ба насли ояндаи кишвар шаҳодат медиҳад.

Leave a comment