Skip to content Skip to footer

ТАҶЛИЛи 115-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки шоирону нависандагон, устодону шогирдон ва наздикону пайвандони устод маҳфили гиромидошт баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардида, сурудҳо дар васфи устод Мирзо Турсунзода иҷро шуданд, ки ба маҳфил шукуҳу ҳусни тоза бахшиданд. Чорабинӣ дар фазои самимӣ ва пурмуҳтаво баргузор шуда, иштирокчиён аз рӯзгори ибратомӯз, фаъолияти эҷодӣ ва хизматҳои арзандаи устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти миллӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ ёдоварӣ карданд.

Зимни суханронӣ шоирону адибони маъруф саҳми арзандаи Мирзо Турсунзодаро дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва таҳкими дӯстии байни халқҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки осори пурғановати адиб, бахусус шеърҳои ватандӯстона ва инсонпарваронаи ӯ, то имрӯз дар қалби хонандагон ҷойгоҳи хос дошта, дар тарбияи маънавии насли ҷавон нақши муассир мебозад.

Ҳамчунин, шогирдону пайравони устод аз хотираҳои неки худ ёдовар шуда, ӯро ҳамчун устоди меҳрубон ва роҳнамои ҳақиқӣ ситоиш карданд. Дар анҷоми маҳфил таъкид гардид, ки гиромидошти чунин шахсиятҳои барҷастаи адабу фарҳанг барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди маънавият ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ аҳамияти бузург дорад.