Skip to content Skip to footer

Гусели ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба 20-умин Бозиҳои Осиёӣ

Дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20-умин Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид.

Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиён, варзишгарон ва дигар намояндагони соҳа иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди варзиш, омодасозии варзишгарони кишвар ва иштироки шоистаи онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

20-умин Бозиҳои Осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айичӣ ва Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз рӯи 22 намуди варзиш иштирок карда, ҳайати мунтахаби кишвар аз 187 нафар, аз ҷумла 107 варзишгар иборат мебошад.

Дар идомаи маросим муроҷиатномаи варзишгарон ва ҳайати иштирокчиёни 20-умин Бозиҳои Осиёӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миҷгона Самадова — иштирокчии Бозиҳои Олимпии Париж-2024, барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ ва ҷоизадори як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд.

Миҷгона Самадова дар 20-умин Бозиҳои Осиёӣ ҳамчун парчамбардори ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишварро зимни гузашти расмии ҳайатҳои кишварҳо парафшон менамояд.

Leave a comment