Дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки меҳмонону коршиносони сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози маросими расмии конфронс меҳмонон аз осорхонаи таърихии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаро хатм намудаанд, боздид намуда, дар ҷараёни шиносоӣ бо гӯшаҳои гуногуни осорхона аз маводу нигораҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва дигар ёдгориҳое, ки ба даврони таҳсили Президенти кишвар марбут буда, дар ин ҷо бо эҳтироми хос ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд, аз наздик ошно гардиданд.
Дар қисмати расмӣ ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои муосири рушди иқтисоди сабз дар шароити таъсири рӯзафзуни тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид шуд, ки масъалаи об ва истифодаи босамари он имрӯз ба яке аз мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар шароити тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамояд.
Дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмӣ, муҳаққиқон, коршиносон, омӯзгорон ва меҳмонони дохиливу хориҷии Форум ширкат намуда, доир ба роҳҳои такмили низоми идоракунии захираҳои обӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи усулҳои устувори хоҷагидорӣ ва тақвияти иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Иштирокчиён ҳамчунин таъкид намуданд, ки рушди иқтисоди сабз ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди устувор метавонад дар коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муассир дошта бошад. Дар ин замина, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ аз омилҳои муҳими ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ гардид.
Қайд гардид, ки баргузории чунин конфронсҳо барои таҳкими муколамаи илмӣ, баррасии мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ ва пешниҳоди роҳкорҳои муассир ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

