Дар идомаи татбиқи Барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии Душанбе – Ромит – Душанбе ташкил карда шуд.
Дар доираи ин сафар иштирокчиён бо як қатор мавзеъҳои сайёҳиву фароғатӣ ва иқтидори табиии минтақа аз наздик шинос шуда, оид ба имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва тадбирҳои ҷалби бештари сайёҳон маълумоти муфассал гирифтанд.
Минтақаи сайёҳии Ромит яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар буда, бо табиати нотакрор, обҳои мусаффо, захираҳои бойи табиӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ барои рушди сайёҳии экологӣ ва солимгардонӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Дар доираи сафар иштирокчиён нахуст аз осоишгоҳи «Зайрон» боздид намуда, бо шароити табобату истироҳат, сатҳи хизматрасонӣ ва имкониятҳои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ шинос гардиданд. Зикр шуд, ки мавҷудияти чунин осоишгоҳҳо барои рушди сайёҳии солимгардонӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боздид аз хоҷагии моҳипарварии ҶДММ «Меҳвари Душанбе» идомаи сафари иштирокчиёни хатсайр буд. Масъулини хоҷагӣ ба иштирокчиён оид ба фаъолияти истеҳсолӣ, усулҳои парвариши моҳии форел ва нақши чунин хоҷагиҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат маълумот пешниҳод карданд.
Таъкид гардид, ки дар зиёда аз 45 ҳавзи хоҷагӣ моҳии форел парвариш карда мешавад. Ин иқтидор метавонад барои рушди сайёҳии моҳидорӣ ва экотуризм низ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Резервати биосферии «Ромит» низ яке аз мавзеъҳои шиносоии иштирокчиёни хатсайр гардид. Ба онҳо оид ба гуногунии олами набототу ҳайвонот, ҳифзи захираҳои нодири табиӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ дар ин минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Резервати биосферии «Ромит» соли 1959 ҳамчун мамнуъгоҳ ташкил гардида, соли 2014 бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ ба резервати биосферӣ табдил дода шудааст.
Ташкили чунин хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ имконият фароҳам меорад, ки иқтидори воқеии минтақаҳои сайёҳии кишвар бештар муаррифӣ гардида, таваҷҷуҳи ҷомеа ва сайёҳон ба мавзеъҳои ҷолибу диданибоби Тоҷикистон боз ҳам афзоиш ёбад.

