Марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши ҳалкунанда ва муассир доранд. Дар Тоҷикистон низ шаҳри Душанбе аз ҷумлаи шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳӣ барои гардишгарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пойтахт тавонистааст, ки дар баробари раванди ободониву бунёди иншооти замонавӣ, нишонаҳои таърихӣ ва фарҳангии худро низ ҳифз намояд.
Ҳамин аст, ки қалби Тоҷикистон бо таърихи ғанӣ, табиати зебо ва фарҳанги меросии худ таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. Имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори пойтахт метавон гурӯҳҳои зиёди гардишгаронро мушоҳида кард, ки аз боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳои замонавӣ ва иншооти муосири шаҳр дидан намуда, таассуроти фаромӯшнашаванда мебардоранд.
Тибқи мушоҳидаҳо, маҳз дар ҳамин айём шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба шаҳри Душанбе ба маротиб меафзояд. Гардишгарон аз кишварҳои гуногун барои тамошои зебоиҳои табиӣ ва фарҳангии пойтахт ба ин ҷо меоянд. Боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, Майдони Дӯстӣ ва дигар маконҳои сабзу хуррами шаҳр дар ин фасл бо гулҳои шукуфон ва дарахтони сарсабз диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунанд. Маҳз ҳамин манзараҳои зебо барои сайёҳон имконияти хуби аксбардорӣ, истироҳат ва фароғатро фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, дар фасли баҳор баргузории чорабиниҳои фарҳангиву идона, аз ҷумла таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷозибаи сайёҳии пойтахтро боз ҳам афзун менамояд. Дар ин рӯзҳо сайёҳон бо урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон аз наздик шинос мешаванд.
Тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба болоравии нуфузи шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ мусоидат мекунанд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Душанбе на танҳо пойтахти кишвар, балки як маркази ҷолиби сайёҳӣ низ мебошад, ки метавонад таваҷҷуҳи сайёҳонро аз саросари ҷаҳон ба худ ҷалб намояд.

