Skip to content Skip to footer

Дар деҳаи этнографии Зевси ноҳияи Дарвоз хонаи қадимаи мардуми кӯҳистон бунёд гардид

Бо мақсади эҳё ва ҳифзи таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар деҳаи этнографии Зевси ноҳияи Дарвоз хонаи қадимаи мардуми минтақа бунёд гардидааст. Ин иқдоми фарҳангӣ ба хотири муаррифии урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва тарзи зиндагии гузаштагони мардуми кӯҳистон амалӣ гардида, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Хонаи мазкур бо истифода аз усулҳои анъанавии меъмории миллӣ сохта шуда, дар он ҷузъиёти зиндагии қадимаи мардум таҷассум ёфтааст. Дар дохили ин хона ашёҳои қадимаи рӯзгор, аз ҷумла дегу табақҳои мисин, гаҳвора, асбобҳои ҳунармандӣ, либосҳои миллӣ ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳар як гӯшаи он аз фарҳанги ғанӣ ва зиндагии пурмазмуни ниёгони тоҷик шаҳодат медиҳад. Ба гуфтаи ташаббускорон, ҳадафи асосӣ аз бунёди чунин хонаҳои этнографӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ ба насли ҷавон ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Имрӯзҳо меҳмонон ва сайёҳон аз кишварҳои гуногун ба ин мавзеъ ташриф оварда, бо фарҳанг ва суннатҳои қадимаи мардуми Дарвоз аз наздик ошно мегарданд. Таъкид мешавад, ки рушди чунин мавзеъҳои фарҳангиву сайёҳӣ метавонад дар пешрафти соҳаи туризм, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муаррифии бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Ҳамзамон, сокинони маҳаллӣ бо меҳмоннавозии хос меҳмононро истиқбол намуда, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро муаррифӣ мекунанд. Масъулон иброз медоранд, ки дар оянда корҳои ободонӣ ва тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ дар ин деҳаи этнографӣ идома ёфта, барои қабули меҳмонон ва сайёҳон шароити боз ҳам беҳтар фароҳам карда хоҳад шуд.