Skip to content Skip to footer

 Шаҳри БӮстон — дарвозаи ҳавоии вилояти Суғд ва маркази рушдёбандаи сайёҳӣ

Шаҳри Бӯстон имрӯз аз ҷумлаи шаҳрҳои ободу пешрафтаи кишвар ба шумор рафта, бо назардошти ҷойгир будани Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар ҳудуди он, ҳамчун яке аз дарвозаҳои асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба вилояти Суғд нақши муҳим дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти стратегии шаҳр, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бустон ба самтҳои ободониву бунёдкорӣ, сабзгардониву тозагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, симои шаҳр ба таври назаррас дигаргун шудааст. Таъмиру таҷдиди гулгашту хиёбонҳо, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, роҳҳо ва роҳравҳо, инчунин бунёди коргоҳу корхонаҳои бузург ба ҳусну таровати тозаи шаҳр замина гузоштаанд.

Шаҳри Бустон ҳамчун дарвозаи вуруди ҳавоии вилояти Суғд дорои мавқеи муҳими стратегӣ буда, аз ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ низ яке аз шаҳрҳои пешсаф маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти талаботи рушди соҳаи сайёҳӣ, тайи даҳ соли охир инфрасохтори марбут ба ин самт такмил ёфта, имрӯз дар шаҳр 10 меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ, инчунин чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва тарабхонаҳо ба сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонанд.

Аз ҷумла, меҳмонхонаи “Сипеҳр” аз иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ба ҳисоб меравад. Ин меҳмонхона аз 24 ҳуҷраи як ва дунафара, 8 ҳуҷраи хос, 5 ҳуҷраи дараҷаи олӣ, инчунин ҳуҷраҳои расмӣ ва миллӣ иборат буда, сатҳи баланди хизматрасонии касбиро пешниҳод менамояд.

Дар ин меҳмонхона тамоми шароити зарурӣ мутобиқ ба талаботи муосир фароҳам оварда шудааст. Дар шафати он чойхонаи миллии “Сипеҳр” фаъолият дошта, бо унсурҳои миллӣ ва пешниҳоди беҳтарин таомҳои тоҷикӣ ба меҳмонон хизмат мерасонад.

Ҳамчунин, маҷмааи “Сипеҳр” дорои боғи зебо ва гӯшаи табиати зинда мебошад, ки барои болидахотирии меҳмонон ва фароҳам овардани истироҳати гуворо мусоидат мекунад.

Дар даромадгоҳи шаҳр бошад, меҳмонхонаи “Бустон”, ки аз 5 ошёна ва 22 ҳуҷра иборат аст, аз ҷумлаи меҳмонхонаҳои фаъоли шаҳр арзёбӣ мегардад. Ин меҳмонхона соли 2019 мавриди истифода қарор гирифта, ҳамарӯза ба беш аз 20 меҳмони ватаниву хориҷӣ хизмат мерасонад.

Дар шафати ин меҳмонхона низ чойхонаи миллӣ бо намои зебо, нишастгоҳҳои ороставу пероста ва пешниҳоди таомҳои лазиз барои хизматрасонӣ ба мизоҷон фаъолият дорад.

Мувофиқи иттилои масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бустон, дар доираи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ, тавсеаи инфрасохтори соҳа дар назар дошта шуда, аз ҷумла таҷдиди меҳмонхонаи 9-ошёна дар соҳили кӯли шаҳр ва бунёди як қатор иншооти дигар то ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Ин иқдом ҳамчун қадами устувор дар роҳи фароҳам овардани шароити созгор ва муосир барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Бустон арзёбӣ мешавад.

Бо рушди босуръати инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, шаҳри Бустон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳими қабули меҳмонону сайёҳон дар вилояти Суғд табдил меёбад. Фароҳамсозии шароити муосири хизматрасонӣ, бунёди меҳмонхонаҳо ва иншооти нави сайёҳӣ барои муаррифии бештари имкониятҳои шаҳр ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.