Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 6981 иншоот сохта, ба истифода доода шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, маблағи иншооти сохташуда 5,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба соҳаи сохтмон 619,8 миллион сомонӣ равона гардида, 125,1 фоиз афзоиш таъмин шуд.
Дар соҳаи маориф 30 иншооти нав бо 97 синфхона ба истифода дода шуд. Инчунин дар соҳаи тандурустӣ 28 муассисаи нав мавриди истифода қарор гирифт.

