Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии…

Read More

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид

Пас аз анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд

Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар…

Read More

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

11.09.2026 , н.Рашт Ҳамдиёрони азиз! Кулли сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, сулҳу оромӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон барору комёбӣ орзу менамоям. Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар боғ 18 навъи дарахти…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд

11 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст.…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд. Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд

 Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст. Ба…

Read More

Гусели ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба 20-умин Бозиҳои Осиёӣ

Дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20-умин Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид. Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиён, варзишгарон ва дигар намояндагони соҳа иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ таъкид гардид,…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд

9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ — 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд. Таъкид…

Read More

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Сокинони муҳтарами пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол! Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик мегӯям. Сиву панҷ сол муқаддам мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор…

Read More