24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули меҳнати кишоварзони шаҳр, аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда…
24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.
Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.
Зимни шиносоӣ…
24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдатро ба истифода доданд.
Иншооти нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида,…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» бо иштироки беш аз 100 ширкати ватанию хориҷӣ ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ то 24 октябр идома меёбад.
Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асри Имкон» дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар давлатҳо бо теъдоди зиёда аз 16 ҳазор нусха 2 ҳазор номгӯй…
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи муҳоҷират», Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани…
Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиати кишвар ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун рамзи маънавии тоҷикон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гулҳои миллӣ эълон карда шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сиёсати ҳувиятсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангии миллати тоҷик…
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш
Бо мақсади тарғиби мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи гулҳои миллӣ, тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва муаррифии…
20 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо барору комёбӣ орзу…
19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи…
19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд.
Бунёди муҷассамаи шоири бузург…
19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст.
Зимни боздид ба Сарвари…
