Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд

27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ Шаҳдоб оғоз бахшиданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нушобаҳо ва маҳсулоти…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи   масолеҳи сохтмонии ҶДММ Эко Блокро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд. Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар…

Read More

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Шарифзода Мумин Машокир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 26 октябри соли 2026 №АП-1125 АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии…

Read More

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 26 октябри соли 2026 №682 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Восидиён Ф.С. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Восидиён Фарҳод Саъдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.…

Read More

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ализода Зариф Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам : Ализода Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

 Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳорро ифтитоҳ намуданд. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори содиротии хоҷагӣ то охири соли 2026 то 300 тонна моҳиро ташкил медиҳад ва дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст,…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд. Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии Алянс мебелро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.…

Read More