Skip to content Skip to footer

Ба қалби таърих: Қалъаи Муғ, гавҳари сайёҳии Истаравшан

Қалъаи Муғ яке аз ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Истаравшан ба шумор рафта, аз ҷумлаи маконҳои ҷолиби сайёҳии вилояти Суғд мебошад. Ин маҷмааи таърихӣ дорои таърихи беш аз 2500-сола буда, ҳамчун рамзи фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик арзиши бузурги таърихӣ дорад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 қалъа аз нав барқарор гардида, ба маҷмааи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил дода шуд. Имрӯз ин мавзеъ бо тарҳи меъмории миллӣ, манзараҳои зебо ва фазои таърихии худ таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд.

Дар ҳудуди маҷмаа барои шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам оварда шудааст. Қалъаи Муғ яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии Истаравшан буда, дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон нақши назаррас дорад.

Leave a comment