Skip to content Skip to footer

ҚАЛЪАИ БАЛҶУВОН — ЭҲЁИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ ВА ИМКОНИЯТИ НАВИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Тоҷикистон бо таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва ёдгориҳои нодири таърихию меъморӣ дар минтақа ва ҷаҳон мақоми хос дорад. Ҳар як гӯшаи ин сарзамин саҳифаҳои ҷолиби таърихро дар худ нигоҳ дошта, барои омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси ниёгон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар ин миён ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии худ яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Яке аз ёдгориҳои муҳимми таърихии ноҳия Қалъаи Балҷувон мебошад, ки ҳамчун намунаи мероси меъморӣ ва ёдгории дорои аҳаммияти таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқон, дӯстдорони таърих ва сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Ин мавзеъ на танҳо бозгӯйи таърихи гузаштаи минтақа, балки таҷассумгари фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва суннатҳои мардуми ин сарзамин мебошад.

Бо мақсади ҳифзу эҳёи мероси таърихӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ корҳои барқарорсозӣ ва ободонии Қалъаи Балҷувон аз соли 2019 оғоз гардиданд. Дар ин раванд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби маблағҳои буҷетӣ, инчунин саҳми соҳибкорони маҳаллӣ корҳои васеи таъмиру навсозӣ амалӣ карда шуданд.

Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ, 11 сентябри соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» ба истифода дода шуд. Ба истифода супоридани ин марказ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва тақвияти инфрасохтори сайёҳии ноҳия иқдоми муҳим ба шумор меравад.

Бозсозии Қалъаи Балҷувон барои наслҳои имрӯзу оянда имконият фароҳам меорад, ки бо таърихи гузаштагони худ бештар ошно шаванд. Ҳамзамон, мавҷудияти чунин марказҳои таърихию фарҳангӣ дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби меҳмонони дохилию хориҷӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ нақши муассир мегузорад.

Дар оянда рушди хизматрасонии сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани роҳбаладони касбӣ, ташкили хатсайрҳои муназзам ва истифодаи имкониятҳои таблиғотӣ метавонанд мавқеи Қалъаи Балҷувонро ҳамчун яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии таърихию фарҳангии вилояти Хатлон боз ҳам таҳким бахшанд.

Қалъаи Балҷувон имрӯз намунаи равшани эҳёи мероси таърихӣ ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ мебошад. Нигоҳдорӣ ва муаррифии чунин ёдгориҳо на танҳо вазифаи насли имрӯза, балки масъулияти муҳим дар назди наслҳои оянда маҳсуб меёбад. Зеро ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ яке аз омилҳои асосии таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Leave a comment