Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

TV Sayohi

856 articles published

Оғози пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ:  Имсол 200 нафар занон соҳиби гранти Президентӣ мегарданд

      Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2026-ро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» хабар додааст.        Ҳамасола барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони  тоҷик дар самти эҳёи…

Read More

Баргузории  Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм»  дар соли 2026

Бо мақсади иҷрои банди 37-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст,  моҳи ноябри соли равон байни навозандагони асбобҳои зарбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мешавад, дар ин бора  АМИТ…

Read More

ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ

Наврӯз ҷашни қадимӣ ва фарогир аст, ки дар тамоми минтақаҳои Осиё ва давлатҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Наврӯз — ҷашни эҳёи табиат, бедории замин ва таваллуди сабзиву шукуфоист. Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидааст. Инсон бояд дар ҳамоҳангӣ бо табиат зиндагӣ кунад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ моҳияти сайёҳии экологиро ташкил медиҳад. Назаре ба…

Read More

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад" чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Зимни суханрониҳо доир ба мақому манзалати зан — модар дар…

Read More

“Модар-сарчашмаи шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар шоҳнома”

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.  Дар ифтитоҳи маҳфил роҳбарияти Осорхонаи миллӣ оид ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим…

Read More

«Ҷилваи зан-модар дар олами рангҳо»

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти “Рӯзи Модар” намоиш таҳти унвони «Ҷилваи зан-модар дар олами рангҳо» ифтитоҳ гардид.             Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 38 адад мусаввараҳо ва нимпайкарањои нодир, ки маҳсули эҷоди рассомон ва муљассамасозони маъруфи кишвар мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.…

Read More

 Шуғнон:  “ Тоҷикона мепӯшем!”  

Таърих гувоҳ аст, ки занон – модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд. Дар ин фасли зебои сол – баҳори гулбадомон дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми  “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардида истодааст.…

Read More

Тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон

Дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.   Ҳамраисони Комиссия – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон  Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев изҳор доштанд, ки ҷаласа дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобили…

Read More

МУАРРИФИИ ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР  «ITB BERLIN -2026»

Шуруъ аз 3-юми март дар шаҳри Берлин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» оғоз гардид ва он то 5-уми март идома ёфта, намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон низ дар ин чорабинии бонуфуз иштирок доранд. Намоишгоҳи «ITB Berlin» яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ…

Read More

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “КАНӢ ДУХТАРОН”  ДАР ХОРУҒ

  Дар доираи таҷлили сазовор аз “Рӯзи модар” ва ҳамчунин, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ миёни насли наврас, бахусус  ҷавондухтарон  дар шаҳри Хоруғ  озмуни “Канӣ духтарон” баргузор гардид.          Озмун  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Хоруғ  баргузор гардида, дар он ҷавондухтарон аз рӯи 5 номинатсия  баромад…

Read More