Бо мақсади иҷрои банди 37-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳи ноябри соли равон байни навозандагони асбобҳои зарбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мешавад, дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ барои баргузор намудани ин озмуни ҷумҳуриявӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи композиторон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд.
Баргузории озмуни мазкур метавонад дар ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиши ҳунари доиранавозӣ мусоидат карда бошад.
Ёдовар бояд шуд, ки доира асбоби мусиқиест, ки овози онро ҳамагон дӯст медоранд. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин сози мусиқӣ хеле зиёд аст. Агарчи асбобҳои аврупоӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд, ин ба сози доира ягон таъсири манфӣ нарасонидааст. Имрӯз ҳам ин соз талабгорони худро дошта, дар ҷашну идҳо истифода бурда мешавад.

