Skip to content Skip to footer

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чанд самти калидӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, мудирияти устувори захираҳои об, таъмин намудани дастрасии бехатар ба об ва санитария, таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба амнияти об, энергетика, кишоварзӣ ва хатарҳои селу ярч, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкорӣ ва дипломатияи об: истифодаи «Раванди оби Душанбе» барои ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳо пеш аз Конфронси оби СММ- 2026 ва ташаккули шарикӣ, уҳдадориҳои нав ва лоиҳаҳои муштарак дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об (Water Action Agenda), инчунин ҷалби бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон ва занон ба ҳалли мушкилоти об, аз ҷумла тавассути форумҳои махсус, ки ба сармоягузорӣ, инноватсия ва ҳалли иҷтимоию экологӣ бахшида мешаванд.

Тибқи иттилоъ, дар ин чорабинии байналмилалӣ зиёда аз 2500 иштирокчӣ беш аз 100 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд намуд. Ин ҳамоиш сарони давлату ҳукуматҳо, вазирон ва дигар намояндагони сатҳи роҳбарият, инчунин сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусиро ҷамъ меорад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.