Skip to content Skip to footer

Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза шуд.

Зимни чорабинӣ ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок намудаанд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Фестивал аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуда, ҳадаф аз он вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамин тавр, дар номинатсияи «гулпарвари беҳтарин» Шодмон Халилов, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, сазовори ҷойи якум, Фирдавс Зикриёзода, сокини ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷойи дуюм ва Илҳом Камолов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «гулгашт ва хиёбон» Гулгашти назди Муҷассамаи ба номи Садриддин Айнии хиёбони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Гулгашти хиёбони Ваҳдати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҷойи дуюм ва гулгашти Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «боғҳои фарҳангию фароғатӣ» Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Рӯдакӣ”-и шаҳри Душанбе ҷойи якум, Боғи фарҳангию фароғатии Хуталони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойи дуюм, Муассисаи давлатии Қалъаи Хуҷанди вилояти Суғд ҷойи сеюмро гирифтанд.

Дар номинатсияи «маҳаллаи беҳтарин» Маҳаллаи якуми Истиқлоли шаҳри Гулистони вилояти Суғд сазовори ҷойи якум, Маҳаллаи Обшорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соҳиби ҷойи дуюм ва Маҳаллаи Ватани шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «деҳаи беҳтарин» Деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб сазовори ҷойи якум шуда, Деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ҷойи дуюм ва Деҳаи Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи «деҳоти беҳтарин» Ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ҷойи якум, Ҷамоати деҳоти ба номи “Сайфиддинов Кабут”-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва Ҷамоти деҳоти Ҷилликӯли ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойи якум, Ҷамоати шаҳраки Леваканти шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Дар номинатсияи «ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «шаҳри беҳтарин» шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷойи якум, шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷойи дуюм ва шаҳри Турсунзода  ҷойи сеюмро сарфароз шуданд.

Инчунин дар номинатсияи «вилояти беҳтарин» вилояти Суғд сазовори ҷойи якум ва вилояти Хатлон соҳиби ҷойи дуюм гардид.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳаштум аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал спрфароз гардонида мешаванд.