Skip to content Skip to footer

Рӯзи пойтахти амну шУКУФОН — дУШАНБЕИ ГУЛБАДОМОН

Имрӯз Душанбе бо симои муосир, инфрасохтори рушдёфта ва фазои орому сабзи худ ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфтааст. Таҷлили Рӯзи пойтахт на танҳо як санаи идона, балки натиҷаи заҳмати созандагиву бунёдкорӣ ва сиёсати дурандешонаи давлат дар солҳои истиқлолият мебошад.

      Бояд таъкид кард, ки маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахт ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар ин давра садҳо иншооти муҳим — аз биноҳои маъмурӣ то марказҳои фарҳангиву хизматрасонӣ бунёд гардида, симои шаҳр ба таври куллӣ дигаргун шуд. Дар баробари ин, Душанбе ҳамчун маркази муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд табдил ёфтааст.

    Тайи солҳои охир, шаҳри Душанбе бо ташаббусҳои байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати рушди устувор ба як қатор ҷоизаҳо ва эътирофҳои муҳим ноил гардидааст. Аз ҷумла, соли 2021 шаҳр аз ҷониби UNESCO бо унвони «Шаҳри сулҳ» сарфароз гардонида шуд, ки ин нишонаи саҳми назаррас дар таҳкими сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо мебошад.

   Дар баробари ин шаҳр ҳамчун пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ дар доираи барномаҳои Commonwealth of Independent States эътироф гардида, Ин омил барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва таҳкими равобити гуманитарӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

    Бо пешбурди ташаббусҳои глобалӣ, бахусус дар масъалаҳои обу иқлим, пойтахти кишвар дар доираи барномаҳои United Nations ҳамчун шаҳри пешсаф дар татбиқи “дипломатияи об” ва консепсияи “шаҳри сабз” эътироф шудааст. Дар ин баробар, мизбонии чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла конфронсҳои байналмилалӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», нуфузи байналмилалии Душанберо боз ҳам боло бурд. Ин раванд пойтахтро ба як платформаи муҳими муколамаи байналмилалӣ табдил додааст.

   Ҳамзамон, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, ҳамасола ҳазорҳо сайёҳ ба кишвар ташриф меоранд ва аз меҳмондустиву меҳмоннавозии халқи тоҷик, ҳунарҳои мардумиву маконҳои ҷолиби сайёҳи кишвар дидан менамоянд.

     Душанбе бо фазои амну осоишта, инфрасохтори муосир ва имкониятҳои фароғатӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Таҷлили Рӯзи пойтахт бозгӯи дастовардҳои даврони истиқлол буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки пойтахти кишвар бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи боз ҳам ободу шукуфон ҳаракат дорад.