Skip to content Skip to footer

«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ГЕСУИ ДАРОЗ» — ҶАШНИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ФАРҲАНГӢ

29 июл дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо тарроҳи ҷавону шинохтаи тоҷик Ромиш Одиназода ва тарроҳи маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон Тимур Турсунқулов намоиши бошукӯҳи либосҳои миллӣ таҳти унвони «Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз» баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ эҳё ва тарғиби либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои асили тоҷикон, аз ҷумла чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, алочабофӣ, читгароӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, шерозбофӣ, инчунин фарҳанги ороиши мӯй, кокулбофӣ ва майдабофӣ буда, он ба таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ ва баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ равона гардид.

Зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, рушди санъати тарроҳӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди ҳамкориву мубодилаи таҷриба миёни тарроҳон, дизайнерон, наққошон ва ҳунармандон аҳамияти муҳим дорад. Инчунин, чунин иқдомҳо ба эҳёи либоси миллии қадима бо тарҳи муосир ва пайванди суннат бо навоварӣ мусоидат мекунанд.

Чорабинӣ бо суханронии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз гардид. Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.Қайд гардид, ки либоси миллӣ рамзи худшиносӣ, ифтихор аз таърих ва фарҳанги миллат мебошад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, занону духтарони тоҷик бояд дар баробари донишандӯзӣ, фаъолияти созанда ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат, инчунин посдори арзишҳои миллӣ бошанд.

Маҳз таваҷҷуҳ ба фарҳанги либоспӯшӣ ва дигар арзишҳои миллӣ метавонад ҷомеаро аз бегонашавии фарҳангӣ эмин нигоҳ дошта, пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшад.Дар доираи чорабинӣ намунаҳои либосҳои миллӣ, муосир, арӯсӣ, расмӣ ва идона ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки ҳунари баланди тарроҳон ва имкониятҳои рушди саноати мӯди миллиро бозтоб мекарданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба 15 нафар духтарони дорои маъюбият аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Leave a comment