Аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад. Ин ҳамоиши муҳим идомаи «Раванди оби Душанбе» буда, ҳамчун платформаи муассир барои таҳкими шарикии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об хизмат хоҳад кард.
Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои вазнини он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, рӯз аз рӯз бештар доман паҳн намуда, ба суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо таҳдид эҷод мекунанд. Дар чунин шароит, идома ёфтани ин вазъ метавонад барои аҳли башар, бахусус барои кишварҳои рӯ ба рушд, пайомадҳои ногувор ба бор оварад.
Бо ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдомҳои байналмилалии кишвар дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим нақши муҳим гузоштаанд.
Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) аз ҷумлаи муҳимтарин ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус дастгирӣ намуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.
Қабули ин қатънома бозгӯи идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим буда, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла:
-21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид;
-Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шуд;
-Дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд;
-Дар соли 2025 баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардид;
-Дар соли 2026 баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Коршиносон баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи обу иқлим муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамчун заминаи мусоид барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва инъикоси саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои глобалӣ медонанд.

