Сайёҳии экологӣ (экотуризм) яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди устувори ҷомеа равона шудааст. Имрӯз, дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани таъсири инсон ба табиат, аҳамияти экотуризм боз ҳам бештар мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нодиру зебои худ барои рушди сайёҳии экологӣ имкониятҳои васеъ дорад. Кӯҳҳои осмонбӯс, аз ҷумла силсилакӯҳҳои Помиру Фон, пиряхҳои бузург, дарёҳои мусаффо, кӯлҳои зебо ва гуногунии олами набототу ҳайвонот Тоҷикистонро ба як макони ҷолиби сайёҳӣ табдил додаанд. Ҳамчунин, дар кишвар боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳои табиӣ, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳои Ромит ва Ширкент, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ нақши муҳим мебозанд. Сайёҳии экологӣ на танҳо барои тамошои манзараҳои зебо, балки барои омӯзиши табиат, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Сайёҳон ҳангоми сафар ба деҳот бо тарзи зиндагии мардум, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму оинҳо шинос мешаванд, ки ин ба рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ замина мегузорад. Рушди экотуризм барои иқтисодиёти кишвар низ манфиати калон дорад. Он метавонад боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ гардад. Ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳифзи қатъии муҳити зист бояд дар мадди аввал қарор гирад.
Дар баробари ин, густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, иштирок дар намоишгоҳҳо ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намояд. Гуфтан ба маврид аст, ки сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои ояндадор ва муҳим ба ҳисоб меравад. Бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо, ин соҳа метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

