Skip to content Skip to footer

Ҳунарҳои мардумӣ дар Панҷакент рушд меёбанд: маркази ҳунармандӣ барои бонувон имкониятҳои нав фароҳам овард


Дар маркази шаҳри Панҷакент, дар Чойхонаи “Сайёҳат”, бо ташаббуси бонуи ҳунарманд Хайринисо Ғаниева маркази ҳунармандӣ таъсис дода шудааст. Имрӯз ин марказ ба яке аз ҷойҳои муҳим барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон таъмин намудани бонувони бешуғл бо ҷойи кор табдил ёфтааст.
Марказ на танҳо имконияти фаъолият, балки шароити мусоиди ҳунаромӯзиро низ фароҳам овардааст. Бонувону духтарон дар ин ҷо метавонанд ҳунарҳои гуногунро аз худ намуда, дар баробари омӯзиш ба фаъолияти амалӣ машғул шаванд.
Дар ошёнаи якуми чойхона намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст. Дар ин намоишгоҳ намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, куртадӯзӣ, чакандӯзӣ ва бофандагӣ ба маъраз гузошта шудаанд, ки ҳар як меҳмон ё сайёҳе, ки ба ин макон ворид мешавад, метавонад маҳсулоти писандидаи худро харидорӣ намояд.
Махсусан талабот ба либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои қадима хеле зиёд аст. Сайёҳон бештар ба чунин маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ёдгорӣ ва рамзи фарҳанги миллӣ харидорӣ мекунанд. Ин ҳолат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии бонувон мусоидат менамояд.
Шаҳри Панҷакент, ки дорои мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ мебошад, ҳамасола меҳмонон ва сайёҳони зиёдеро қабул мекунад. Бо зиёд гардидани шумораи меҳмонон, талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ низ меафзояд ва маркази мазкур дар қонеъ намудани ин талабот нақши муҳим мебозад.
Дар ошёнаи дуюми марказ барои омӯзиши ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин ҷо онҳо дӯхтани либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳоро меомӯзанд. Ин раванд ба онҳо имконият медиҳад, ки дар оянда соҳиби касб гардида, фаъолияти мустақилонаро пеш баранд.
Ҳамзамон, фаъолияти чойхона низ вобаста ба фармоишҳои пайваста идома дошта, ҳамчун як қисми муҳими маҷмаа хизмат мерасонад. Ин ҳамоҳангии хизматрасонӣ ва ҳунармандӣ боис гардидааст, ки ин макон барои сайёҳон боз ҳам ҷолибтар гардад.
Ҳамин тавр, маркази ҳунармандии таъсисдодаи Хайринисо Ғаниева на танҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, балки барои фароҳам овардани ҷойи кор ва ҷалби бонувон ба фаъолияти муфид саҳми арзанда мегузорад.