Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардид.
Фестивал-озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ҷараён гирифт.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин фестивалҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани мақоми тарроҳону ҳунармандони ватанӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин, ин иқдом ба пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ мусоидат менамояд.
Иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла намоиши либосҳои қадимаи маҳаллӣ, либосҳои рӯзмарра, маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллӣ аз атласу адрас, инчунин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ ва зардӯзӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Барномаи фарҳангии фестивал бо сурудҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ҳусни тоза касб намуда, фазои идонаву фарҳангиро фароҳам овард.
Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» бори дигар собит намуд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дорои рангорангӣ, зебоӣ ва арзишҳои беназир буда, ҳифзу рушди он вазифаи муҳими ҳар як сокини кишвар мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои мухталиф муайян гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

